БМ ФР: интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 5 % коҳиш ёфт

© Sputnik / Антон ДенисовБинои Бонки Марказии Русия дар кӯчаи Неглинний. Акс аз бойгонӣ
Бинои Бонки Марказии Русия дар кӯчаи Неглинний. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирони кории тоҷик ирсоли маблағҳои пулиро аз Русия ба хонаводаашон кам кардаанд. Коршиносон сабаби инро дар коҳиши қурби рубли русӣ бар пояи таҳримҳои Ғарб эълом доштанд.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузаштаи соли 2013 инттиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 5 дарсад кам шудааст, иттилоъ медиҳад Бонки Марказии Русия.

"Дар нимсолаи аввали соли равон маҷмӯан аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 555 миллион доллар (интиқоли хусусӣ) ирсол шудааст",- мегӯяд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, интиқоли хусусӣ маблағи 1 миллиарду 628 миллионро дар бар мегирифт. Дар маҷмӯъ соли 2013 аз ФР ба Тоҷикистон 3 миллиарду 927 миллион доллар интиқол шуда буд.

Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон баъди Ӯзбакистон ва Украина қарор дорад. Тайи моҳҳои январ-июни соли 2014 аз Русия ба Ӯзбакистон 2 миллиарду 815 миллион, ё дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад камтар маблағ ирсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 аз ФР ба ҶӮ 3 миллиарду 235 миллион доллар маблағ ворид шуда буд.

Ҳаҷми интиқоли хусусӣ (фардӣ) аз Русия ба Украина тайи нимсолаи якум муодили 1 миллиарду 560 миллион буд. Ин омор 9 % коҳиш ёфтани интиқоли маблағро дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта бозгӯ мекунад. Ба қавли манбаъ, моҳҳои январ-июни соли 2013 аз Русия ба Украина 1 миллиарду 712 миллион доллари амрикоӣ ирсол гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0