САҲА: аз оғози Майдон дар Украина ҳафт журналист ҳалок шудааст

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкХабарнигорон дар наздикии фурудгоҳи Донетск. Акс аз бойгонӣ
Хабарнигорон дар наздикии фурудгоҳи Донетск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи гузориши САҲА доир ба озодии матбуот, тайи як соли ахир дар Украина ҳафт хабарнигнор кушта ва 170 тани дигар мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Украина аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз ҳафт корманди ВАО ба ҳалокат расида(шаш кас аз ин шумора дар шарқи кишвар), беш аз 170 нафар ҷароҳат бардоштааст, омадааст дар ҳисоботи Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот.

Дар ин ҳисобот, ки рӯзи 27-уми ноябр дар сомонаи САҲА ба нашр расид, омадааст: соли равон дар Украина 80 ҳодисаи рабудан ва ҳабси журналистон ба қайд гирифта шуда, то имрӯз ду намояндаи ВАО дар боздошт ба сар мебаранд.

"Аз ҳамон рӯзе, ки дар хиёбонҳои Киев намоишҳои эътирозӣ сар шуданд, бадбинии оммавӣ нисбати хабарнигорон ва этикаи касбӣ ба назар мерасад. Дар гузоришҳои ман ҳамаи ҳодисаҳои марбут ба ин сабт шудааст",- менависад РИА Новости дар такя ба суханони намояндаи САҲА.

Дар санад ҳамчунин қайд шудааст, ки нисбати 30 редаксия, аз ҷумла дар қиболи як шабакаи телевизионӣ  амалиётҳои бадкирдорона (харобкорӣ) содир шудааст.

Миятович қаблан изҳор дошт, ки ҳамлаҳои рӯзафзун ба ҷони журналистон дар Украина номуассир будани чораҳои амниятро барои ҳимояи хабарнигорон дар ин кишвар бозгӯӣ мекунад. Номбурда ҳамчунин гуфт, рабудан ва боздошти хабарнигорон зимни амалиётҳои низомӣ дар ин кишвар ҳар чӣ зудтар бояд хотима ёбад. Намояндагии СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Киев даъват кард, ки боздошти ғайриқонунии хабарнигорон нақзи ҳуқуқи башар аст ва ба ин амал хотима дода шавад. Ба иттилоъи расида, дар нисбати журналистони боздоштшдуа аз ФР ва кишварҳои хориҷи муносибати бадрафторона зоҳир шудааст.

Чанд рӯз пештар дар Украина солгарди оғози тазоҳуроти зидди давлатиро, ки ба сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович мунҷар шуд, таҷлил карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0