Президенти Чехия вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Владимир РодионовМилош Земан, президенти Чехия. Акс аз бойгонӣ
Милош Земан, президенти Чехия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чехаш мулоқоти хоса хоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шоми 25-уми ноябр Милош Земан, президенти Чехия  аз Остона, пойтахти Қазоқистон бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.

Боздиди роҳбари Чехия аз Тоҷикистон то рӯзи 27-уми ноябр идома мекунад. Аснои сафар мулоқоти як ба яки Земан бо Раҳмон дар назар аст, менависад Са-News.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, президенти Чехия  дар сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо раҳбарияти олии кишвар ва дигар шахсони расмӣ низ  мулоқот хоҳад кард.Баъд аз он мулоқоти васеъи ҷонибҳо ва имзо кардани чанд ҳуҷҷат сурат мегирад.

"Тоҷикистон аз сафари расмии президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан таҳким ва густариши робитаҳоро дар соҳаҳои барои ду ҷониб афзалиятнок ва муфид, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ки асос барои ҳамкории минбаъдаи судманд хоҳад буд, мунтазир аст",- иттилоъ медиҳад сомонаи ВКХ.

Ба навиштаи ОИ Авеста, зимнан дар Душанбе вохӯрии сарвари Чехия бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор гардида, оқои Земан дар расми ифтитоҳи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия низ ширкат хоҳад кард.

Земан қабл аз бозгашт ба ватан бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН-и Тоҷикистон мулоқот хоҳад дошт.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Чехия 5 июни соли 1992  барқарор шудаанд. Ҳар ду кишвар дар бахшҳои иқтисод, тиб, саноат ва савдо ҳамкории зич доранд. Моҳи ноябри соли 2006 Конвенсия байни Тоҷикистон ва Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Табодули амвол (гардиши молҳо) миёни Тоҷикистону Чехия дар соли 2013 ба 3 млн 428 ҳазор доллари амрикоӣ расид. Маҳсулоти асосии воридот шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти сафолӣ, мебел, асбобҳои нурафкан, маҳсулоти чӯбин, шиша ва маҳсулоти шишагӣ ва ғайра мебошанд. Содирот бошад, асосан аз нахи пахта иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0