ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ҷей Никонсон, губернатори аёлати Миссурӣ дастур додааст, ки ба шаҳри Фергюсон, ки чанд рӯз боз эътирози сокинон идома дорад, неруҳои иловагии Горди Миллии Амрико ворид гардад. Дар ин бора РИА Новости дар такя ба шабакаи телевизионии СNN иттилоъ медиҳад.
Пас аз эълони бегуноҳии полис, афроди норозӣ аз ҳукм биноҳову мошинҳои полисро оташ зада, мағозаҳоро ғорат карданд. Дар канори шаҳри Сент-Луис, ки дар ҳамсоягии Фергюсон ҷойгир аст, садои тирандозӣ ба гӯш расид. Ба қавли полис, эътирозгарон сӯи кормандони ҳифзи тартибот аз силоҳ оташ кушоданд ва аммо ба нафаре аз кормандони полис осеб нарасидааст.
Ҳалокати навраси сиёҳпӯст Майкл Браун аз тири корманди полис Даррен Уилсон эътирозҳои густурдаеро ба бор овард, ки чанд рӯз боз дар шаҳру аёлоти гуногуни ИМА идома карданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки 9 августи соли равон Майкл Брауни африқоитабори 18-сола ҳадафи тири пулис Даррел Уилсони сафедпӯст қарор гирифт. Кормандони полис мегӯянд, ки ӯ ҳангоми муқовимат кушта шудааст. Аммо, ба гуфтаи шоҳидон, ҷавони сиёҳпӯст дар ҳоле кушта шуд, ки дастҳояшро боло бардошта ва омодаи таслим шудан буд. Колбадшикофӣ собит кард, ки Браун шаш тир, аз ҷумла, ба сараш ду тир хӯрдааст.
Айни замон, бенизомиҳо дар дигар шаҳрҳои ИМА, аз ҷумла Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес ҳам идома доранд. Чанде қабл раисиҷумҳури Амрико аз афроди аз ҳукм норозӣ даъват кард, ки аз хушунат парҳез кунанд ва мавқеъи худро оромона баён намоянд, зеро волидайни навраси мақтул маҳз ҳаминро тақозо кардаанд.