ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ваколати вакилии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноати кишвар, ки алъон дар маҳбас қарор дорад, пеш аз мӯҳлат қатъ гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Чунин қарор аснои баргузории ҷаласаи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, ки охири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд, аз сар гирифта шуд.
"Сабаби қабл аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакилии Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири пешини саноати ҶТ дар маҳбас қарор доштани ӯ буда, вакилии Саидбек Шарифов, собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинобар вафоти марҳум ба тасвиб расид",- афзуд сарчашмаи хабар.
Саидов 28-уми феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии № 12 вакили шаҳрӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида буд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "таҷовуз ба номус"(моддаи 138 КҶ), "бисёрзанӣ" (моддаи 170), "қаллобӣ" (моддаи 247) ва "ришваситонӣ" (моддаи 319) ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Зимнан, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 8 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.