Як махфигоҳи силоҳ дар Ваҳдат ошкор шуд

© Sputnik / Руслан КривобокКорхонаи махсуси тирбарории Климовск. Акс аз бойгонӣ
Корхонаи махсуси тирбарории Климовск. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВКД-и Тоҷикистон аз мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Ваҳдат, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои “доғ”-и кишвар ба шумор мерафт, кашфу дарёфти муҳимоти ҷангиро идома медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Пинҳонгоҳи аслиҳа дар 25 километрии ҷануби Душанбе, дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ошкор гардид, менависад сомонаи ВКД.

"Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, ки дар нишебии дарёчаи дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори кӯҳансол яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангии гуногун, аз ҷумла 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4- адад минаҳои зидди пиёдагард, 3- адад минаҳои зидди танкӣ, 449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд".

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар манзили роҳбари тундравони Истаравшан

Ҳамзамон, кормандони ВКД ҳафтаи гузашта дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат як махфигоҳи калони силоҳро ошкор карда буданд. Аз пинҳонгоҳ шаш автомати тамғаи Калашников, се таппончаи Макаров, ду норинҷаки дастии РГД-5 ва Ф-1, се адад минаи зиддитанкӣ ва 10 ҳазор дона тирҳои қутрашон гуногун дарёфт шуда буд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати ҳолатҳои мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0