ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Беш аз 180 кг мухаддирот аснои як амалиёти муштараки мақомоти интизомии Чину Тоҷикистон кашфу мусодира шуд, иттилоъ медиҳад АНМН-и назди президенти Тоҷикистон.
Дар асоси созишҳои қаблан ба даст омада ва барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчӣ Ситоди ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ташкил шуда буд. Нишасти мазкур аз 27 октябр то 21 ноябри соли равон идома дошт.
"Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхоси даст ба ҷиноятҳои мухаддиротӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 181 кг маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он героин — 22 кг, афюн — 18 кг ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис — зиёда аз 140 кг-ро ташкил дод"- қайд кард манбаъ.
Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Дар асоси нақшаи тасдиқшуда, фаъолияти мақомот дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, Урумчӣ ва Қошғар тақвиятт ёфта буд. Инчунин, дар ин давра фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди ду давлат пурқувват карда шуд.
Ҳадафи аслии баргузории амалиёти муштарак, ҷилавгирӣ аз қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи марзи Тоҷикистон ба ҶМЧ ворид мегардад, инчунин кашфи хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовар (аз ҷумла прекурсор ва маводҳои синтетикии нашъадор) аз Чин ба Тоҷикистон маҳсуб меёфт.