ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnuk. Дар ҳудуди Русия айни замон 3 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ ӯайриқонқунӣ ба сар мебарад, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федералии Муҳоҷират.
Ба қавли ӯ, дар асоси иттилои марокизи таҳлилӣ, бе шумориши аҳолии Қрим ва гурезаҳои Украина дар қаламрави Русия беш аз 9 миллион табааи хориҷӣ бо ҳадафу мақсадҳои гуногун ҳузур доранд. Аз ин шумора, 2,9 миллиони он замони иқомат дар Русияро нақз кардаанд.
"Бо далели сину соли ашхоси қобили кор ва ҳадафи сафари муҳоҷирон ба Русия гуфта метавонам, ки аксари онҳо ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд",-иброз дошт Ромодановский.
Роҳбари ХФМ қайд кард, ки 45 % хориҷиёне, ки ба Русия ворид мешаванд, дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилоятҳои Ленинграду Маскав қарор доранд. 70 % —и онҳо қонунӣ ва 30 дарсади эшон ғайриқонунӣ кор мекунанд.
"Ихроҷи 3 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ аз қаламрави Русия кори саҳлу содда нест ва он маблағи ҳангуфтро талаб мекунад. Бинобар ин, хадамот пешниҳод мекунад, ки пас аз баромадани мустақилонаи чунин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ФР бозгашти онҳо мамнӯъ эълон гардад",-афзуд ӯ.
Бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори кор ва таъмини сокинони Маскав бо ҷои кори муносиб ҳукумати пойтахти Русия аз моҳи январи соли 2015 қарори вижаро ба тасвиб расонид.
Мутобиқи шартҳои нави муҳоҷирати ФР, муҳоҷирони корӣ ба ҷои квотаҳои кунунӣ патент мегирад. Фақат муҳоҷирони хориҷие патент гирифта метавонанд, ки аснои убури марзи Русия дар корти муҳоҷират мақсади сафарашонро "кор" нишон дода бошанд.