Виктор Тихонов, хокейбози машҳур аз дунё даргузашт

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкХоккей. Вохӯрии "Динамо" (Маскав) - "Ак Барс" (Қазон). Акс аз бойгонӣ
Хоккей. Вохӯрии Динамо (Маскав) - Ак Барс (Қазон). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳти роҳбарии ин мураббии варзида тими яккачини хоккейи ИҶШС (СССР) 8 маротиба барандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон гардида буд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мураббии маъруф, қаҳрамони секаратаи олимпӣ дар риштаи хоккей- Виктор Тихонов  рӯзи 24-уми ноябр, пас аз бемории тӯлонӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад "Р-Спорт".

Расонаҳо дар аввали моҳи октябр хабар доданд, ки Тихонов дигар ҳаракат карда наметавонад ва дар манзилаш таҳти муоинаи табибон қарор дорад. Баъдан, ӯ барои идомаи муоилиҷа ба беморхона интиқол ёфт.

"Соати яки шаби гузашта дар беморхона дили Виктор Тихонов аз задан бозмонд. Дастаи ССКА тамоми хароҷот ва масоили марбут ба ташкилии ҷанозаи марҳумро ба дӯш мегирад. Аммо то ин соат вақт ва макони баргузории он номаълум аст",- гуфт Игор Есмантович, сарвари кулли тими хоккейи ССКА.

Таҳти роҳбарии Тихонов тими мунтахаби хоккейи ИҶШС се дафъа унвони қаҳрамони олимпиро (солҳои 1984,1988 ва 1992) соҳиб гардида, дар Олимпиадаи соли 1980 нишони нуқраро дарёфт кард. Ҳамчунин, зери мураббигии, ӯ дастаи яккачини собиқ шӯравӣ 8 маротиба қаҳрамони ҷаҳон шуда, тими ССКА 13 бор ғолиби мусобиқоти хоккей дар ИҶШС шуд. Ба ҷуз ин, дастаи мунтахаби ИҶШС  бо роҳбарии Тихонов "Ҷоми Канада" ва "Ҷоми Даъват"-ро низ соҳиб гардида буд.

Тихонов дар мусобиқоти ИҶШС (оид ба хоккей) дар 296 вохӯрӣ ширкат карда, 35 гол ба самар расонидааст. Ҳамчун бозигар, солҳои 1951-1954 (се дафъа дар ҳайати ВВС ва як маротиба дар ҳайати "Динамо"-и Маскав) барандаи унвони қаҳрамонӣ гардида, солҳои 1959, 1960, 1962 ва 1963 нишони нуқра ва солҳои 1955-1958 медали биринҷии мусобиқотро соҳиб шудааст. Соли 1952 бошад, барандаи "Ҷоми ИҶШС" гардидааст.

Дастаҳои "Динамо"-и Маскав ва Ригаро тамрин дода, аз соли 1977 то соли 1996 ба ҳайси мураббии тими ССКА фаъолият дошт. Дар ин муддат дастаи ҳарбиён 14 маротиба қаҳрамони мамлакат, 14 дафъа "Ҷоми Аврупо" ва ду бор "Ҷоми ИҶШС"-ро ба даст овардааст.

Лентаи хабарҳо
0