Сардшавии муносиботи сиёсӣ миёни Норвегия ва Русия

© wikimedia.orgБинои парлумони Норвегия дар Осло. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Норвегия дар Осло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Норвегия гуфт, кишвараш ҳама гуна иртиботро бо Маскав масдуд карда, барои таъмини амнияти Украина беш аз 44,2 миллион доллар ҷудо намуд.

Душанбе, 24 ноя — Sputnik. Эрни Солберг, сарвазири Норвегия дар мусоҳиба бо нашрияи украинии "Зеркало недели" иброз дошт, ки кишвараш ҳама гуна равобити сиёсиро бо Русия мунҷамид кард.

Бону Солберг гуфт, тайи даҳ соли ахир ҳеч мушкиле миёни муносиботи Русияву Норвегия вуҷуд надошт. "Ҳоло бо сабаби ғасби ғайриқонунии Қрим ва фаъолшавии Русия дар манотиқи шарқии Украина мо равобити сиёсиамонро бо Маскав сард кардем. Ҳамчунин, коршиносони низомиамонро, ки дар Русия барои тақвияти эътимоди тарафайн кор мекунанд, бозхонда, амалиётҳои муштараки нақшавиро лағв мекунем. Ҳамаи ин ба ҳаводиси Украина бастагӣ дорад. Бо ин кишвари ҳамсоя фақат дар бахши нақлиёти баҳрӣ ва моҳидорӣ ҳамкорӣ хоҳем карду бас…"

Солберг дар мусоҳибааш қайд кард, ки Норвегия узви НАТО (Паймони Атлантикаи Шимолӣ) ва ИА буда, ин тасмим дар чорчӯби таҳримҳо алайҳи Русия аз сар гирифта мешавад.

Ӯ гуфт, Норвегия барои таъминоти ғизои артиши Украина кӯмак карда, ҷиҳати таъмини амнияти он кишвар 42,2 миллион доллар ҷудо намуд.

Коршиносон мӯътақиданд, ки ҳодисаҳои Украина ба сардии равобити кишварҳои ғарбӣ ва Русия сабаб шуда, ба оғози "ҷанги нави сард" шабеҳ аст. Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки таҳримҳои ҷавобӣ ба иқтисоди як қатор давлатҳои Ғарб таъсири манфӣ расонд.

 

Лентаи хабарҳо
0