Аснои боздиди Ҷозеф Байден ва ҳамсари ӯ аз Киев ҳаракати нақлиёти рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қатъ гардид, иттилоъ медиҳад Русское агентство новостей.
Оқои Байден шоми 20-уми ноябр вориди Киев гардида буд.
"Виталий Кличко, мири шаҳри Киев ва Борис Ложкин, роҳбари дастгоҳи президенти Украина дар фурудгоҳи Бориспол меҳмононро пешвоз гирифтанд. Ҳар куҷо ва ба ҳар самте, ки кортеҷи ноиби райисҷумҳури Амрико ҳаракат мекард, милиса истода буд, ҳаракати нақлиёт низ масдуд гардид. Ҳамзамон, дар метрополитени Киев чанд стансия муваққатан аз фаъолият бозмонд".