Роҳбари ВКХ бо ҳамтои покистониаш масоили амниятиро баррасӣ кард

© Официальный сайт МИД РТСироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аснои мулоқот бо мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аснои мулоқот бо мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ғайр аз мавзӯи бехатарӣ, вазири корҳои хориҷии омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории қавӣ бо Покистон ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомада дар бахши энергетика ва рушди коммуникатсия иброз дошт.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз мулоқот кард, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКХ.  

Тибқи иттилои манбаъ, Зимни аснои нишаст ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳо байни кишварҳоро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Аслов қайд кард, ки "барои кишвари мо сафари гузаштаи расмии нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада зимни музокирот дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ мегарданд".

Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷониби покистонӣ ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомадаи тарафайн дар самтҳои энергетикаву рушди коммуникатсия тазаккур намуд.

Шикояти сафири тоҷик аз болои собиқ ҳамкораш ба пулиси Покистон

Худи ҳамон рӯз, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз майдони сохтмони бинои нави сафорат дар Исломобод боздид намуд. Бояд гуфт, хишти аввали сохтмони бинои нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод аз ҷониби раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 гузошта шуда буд.
Дар доираи сафари Аслов ба Покистон мулоқоти ӯ бо дигар мақомодорон ва роҳбарони сохторҳои ҳукумати Покистон низ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0