ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Толибон баёнияеро пахш карданд, ки дар он хабари Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар мавриди ҳалокати Мулло Умар, пешво ва роҳбари феълии ҳаракат рад мешавад. Дар ин бора Хабаргузории Форс рӯзи панҷшанбеи 20 ноябр иттилоъ дод.
"Маълумот ва далел дар бораи марги Мулло Умар мавҷуд аст",- изҳор дошт сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҷойгузини Мулло Умар шудани Мулло Ахтар Мансур ва порашавии Толибон ба се ҷиноҳ аз ҳалок шудани роҳбари ҷунбиш дарак медиҳад.
Аммо, ба навиштаи "Форс", толибон ҳалокати роҳбарашонро тасдиқ накарда, эълом доштанд, ки ӯ зинда ва солим аст.
Мулло Муҳаммад Умар (соли таваллудаш 1959 ва ё 1962)- бунёдгузор ва пешвои ҳаракати "Толибон" ва амири аз сӯи ҳамтоёнаш эълоншуда дар Аморати Исломии Афғонистон.
Аввалин бор, моҳи майи соли 2011 дар бораи марги Мулло Умар дар наздикии шаҳри Кветаи Покистон иттилоъ пахш шуда буд. Он замон намояндаи хадамоти амниятии Покистон гуфт, роҳбари Толибон бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба ҳалокат расид.