“Бистгонаи бузург”: шохисҳои иқтисодӣ

Обуна шудан
Нишасти сарони бист кишвари пешрафта (G20) дар шаҳри Брисбени Австралия аз 15 то 16-уми ноябри соли равон идома кард. Тасвирбаён (инфографика)-и зер имкон медиҳад, бо шохисҳои аслии иқтисоди давлатҳое, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштанд, шинос шавед.

"Бистгонаи бузург" ё ба истилоҳ G20 — форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молии ҷаҳон маҳсуб мегардад. Ҳадафи аслии он — ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои узв барои дастёбӣ ба иқтисодиёти мутавозин ва рушди бемайлони он, ҷилавгирӣ аз хатароти эҳтимолии бӯҳрони молиявӣ, инчунин эҷоди як меъмории ҷадиди молиявии ҷаҳонист.

Тасмим дар бораи таъсиси G20 моҳи сентябри соли 1999 аз сӯи вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии ҳафт кишвари пешрафта — Британияи Кабир, Италия, Канада, ИМА, Олмон, Фаронса ва Ҷопон гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир ба "бистгонаи бузург" 19 давлат: Аргентина, Австралия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Канада, Чин, Мексика, Туркия, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Фаронса, ҶАҶ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо шомиланд.

Қолаби аслии фаъолияти форум — мулоқоти ҳарсолаи вазирони молия ва намояндагони бонкҳои марказии кишварҳи узв аст. Шурӯъ аз соли 2008 нишасти сарони давлатҳо (роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо) низ ба он илова гардид. Русия аз аввалин рӯзҳои таъсиси "бистгонаи бузург" дар кори он фаъолона ширкат варзида, масоили марбутаро барои баррасӣ пешниҳод месозад. Таври мисол, ислоҳоти ташкилотҳои молии байналмилалӣ, тасдиқ ва танзими стандартҳои назорати молиявӣ дар бахши молиёт ва маҳдуд кардани меъёри қарзи давлатӣ барои кишварҳои аъзо аз пешниҳодҳои ҷониби Русия мебошанд, ки муҳокима ва қабул гардидаанд.  

Лентаи хабарҳо
0