Душанбе, 20 ноя — Sputnik. Марина Алексейчик, иштирокчии озмун аз Беларус барандаи унвони "Зебосанами ҷаҳон-2014" гардид, менависад саҳифаи расмии ҷашнвора дар Facebook.
Дар озмуни имсолаи бонувони оиладор, ки аз 11 то 19 ноябр дар иёлати Мэриленди ИМА баргузор шуд, 35 намояндаи ҷинси латиф ширкат дошт.
Дар бораи Алексейчик, ки ғолиби мутлақи озмун гардид, танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ барандаи телевизион буда, овозхонӣ ҳам мекунад. Мақоми дигари ифтихориро намояндаи ҶАҶ- хонум Сара Кейт Скотт (Sarah-Kate Scott) сазовор шуда, Паола Деллепиане (Paola Dellepiane) аз Перу соҳиби ҷои дуввум гардид.
Озмуни "Зебосанами ҷаҳон" соли 1985 ташкил шуда, сараввал ҳамчун намоиши театрӣ ва телевизионӣ барои хонумҳои амрикоӣ маҳсуб меёфт. Дар ҷашнвора бонувоне ҳаққи ширкат доранд, ки соҳиби оилаву фарзанд буда, саҳми фаъоле дар иқдомҳои хайриявӣ доранд.