Клипи таронаи Наталия Орейро бо забони русӣ

Обуна шудан
Наталия Орейро, ҳунарманд ва овозхони аргентинагӣ наворгирии клип ба суруди Me Muero De Amor (“Аз ишқ мемирам”) бо забони русиро ба анҷом расонид. Муаррифии тарона тариқи шоу-барномаи “Шоми Ургант” (“Вечерний Ургант”) дар шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 14 ноябр баргузор шуд.

Дар клипи мусиқӣ инчунин, Факунда Арана, ҳунарманди машҳур аз сериёлҳои "Фариштаи ваҳшӣ" ва "Ту — ҳаёти ман" бозӣ кардааст. Навори мазкур ба сафари ҳунарии дарозмуддати Наталия Орейро дар Русия бахшида мешавад. Тайи ин муддат ҳунарманди саршиноси аргентинагӣ дар 15 шаҳри ФР овозхонӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0