Дар Ашқобод мушкилоти партовгоҳи Табошар баррасӣ мешавад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкДмитрий Медведев дар ҷаласаи нахуствазирони ИДМ ширкат мекунад. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Медведев дар ҷаласаи нахуствазирони ИДМ ширкат мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тасвиби Тавофуқнома дар бораи тиҷорати озод ва безараргардонии партовгоҳи радиатсионии Табошар ба пойтахти Туркманистон ташриф меоранд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ ба Ашқобод рафт. Нишасти мазкур рӯзи 21-уми ноябр баргузор шуда, зимни он баррасии лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ дар назар аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Комиҷроияи ИДМ.

"Муҳокимаи тарҳи Шартнома дар бораи тиҷорати озод ва танзими қоидаву шартҳои хариди давлатӣ ҷараён гирифта, раванди мусбати татбиқсозии он идома хоҳад ёфт. Дар баробари ин, роҳу усули ҳимояи махсуси сифати мол ва ҷуброни хисорот ҳангоми тиҷорати дуҷониба коркард мешавад",- меафзояд манбаъ.

Шартномаро кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдова ва Русияву Украина аллакай тасвиб карда, соли гузашта Ӯзбакистон низ ба он пайваст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам баррасии бандҳои алоҳидаи шартнома идома дорад.

Нахуствазирон вазъи бозори нафт ва рақобатпазирии он, инчунин нархгузории маводи сӯзишвориро баррасӣ карда, хулосаи ниҳоӣ мебароранд. Ҳамчунин, ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи ҳастаӣ (атомӣ) аз масоили умдаи нишаст маҳсуб меёбад.

Татбиқи барномаи "Эҳёи манотиқи кишварҳое, ки аз саноати коркарди уран зарар дидаанд " аз мавзӯи дигари баррасишаванда дар нишаст аст. Маврид ба тазаккур аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон як иншоот (дар Табошар) ва ду корхонаи дигар дар Қирғизистон ба вазъи муҳити зисти минтақа хатарзо боқӣ мемонанд.

 Дурнамои амнияти ҳастаии давлатҳои аъзои ИДМ, истифодаи сулҳомези маводи атомӣ, инчунин баррасии ҳамкориҳои гуманитарӣ дар чорчӯби нишасти сарвазирон низ дар назар аст.   

Лентаи хабарҳо
0