Эрдуғон: мусалмонҳо Амрикоро кашф кардаанд, на Христофор Колумб

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия. Акс аз бойгонӣ
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркия кашфи Амрикоро кори мусалмонҳо медонад, ки дар соли 1178 ба Амрико расида будаанд. Эрдуғон барои исботи иддаоҳои худ ба ёддоштҳои Христофор Колумб ишора мекунад, ки дар онҳо аз вуҷуди “масҷиде” дар болои теппае дар соҳили Кубо сухан меравад.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Мусалмонҳо қабл аз Христофор Колумб, дар соли 1178 қитъаи Амрикоро кашф карда буданд, гуфтааст раисҷумҳури Туркия.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 15 ноябр, ки дар иҷлосияе бо ҳузури намояндагони мусалмонҳои Амрикои лотинӣ дар Истамбул суҳбат мекард, ин ҳарфҳоро ироа доштааст, хабар медиҳад сомонаи Дойчи велле.

"Тамосҳо миёни Амрикои лотинӣ ва ислом ба садаи 12 мелодӣ боз мегардад", — афзудааст Эрдуғон.

Эрдуғон барои исботи иддаоҳои худ ба ёддоштҳои Христофор Колумб ишора мекунад, ки дар онҳо аз "масҷиде" дар болои теппае дар соҳили Кубо, яке аз кишварҳои Амрикои лотинӣ сухан меравад.

Зимни иҷлосияи мазкур, Эрдуғон аз намояндагони Кубо хостааст, барои бунёди масҷид дар он маҳал иҷозат бидиҳанд ва Туркия омодааст онро бунёд кунад.

Фикри эҳдои ин масҷидро пеш аз Эрдуғон, Юсуф Марва, пажуҳишгари таърих дар соли 1996 дар мақолае матраҳ карда буд. Вале ҳамкорони таърихшиноси вай аз бисёре кишварҳо ёддошти Христофор Калумбро ба гунаи дигар тафсир мекунанд. Таърихшиносон мегӯянд, Христофор Колумб мафҳуми "масҷидро" барои тавсифи силсилае аз теппаҳои наздики соҳили Кубо истифода кардааст, менависад Дойчи велле.

То кунун ҷаҳон бар ин назар аст, ки бори аввал дар соли 1492 мелодӣ дарёнаварди итолиёӣ Христофор Колумб ба таври тасодуфӣ Амрикоро кашф кард.

Лентаи хабарҳо
0