Собиқ сарвари “Тоҷикагролизинг" гумонбар ба таққалубкорӣ аст

Обуна шудан
ВКД Тоҷикистон нисбати Аскар Шарифов, собиқ сарвари “Тоҷикагролизинг” бо далели азонихудкунии моликияти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Душанбе, 13 ноя — Sputnik. Роҳбари собиқи ширкати "Тоҷикагролизинг" Аскар Шарифовро дар сӯистифодаи моликияти давлатӣ гумонбар медонанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Бино ба қавли сарчашмаи хабар, собиқ сардори КВД  "Тоҷикагролизинг" аввалҳои моҳи январи соли 2014 бо сӯиистифода аз мансабаш, дидаю дониста,  трактори тамғаи "Тоҷирон"-ро, ки ба корхонаи мазкур барои истифода дода шудааст, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷат тайёр намуда, аз худ намудааст. "Сипас, ин тракторро   ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдувосит Одилов ба маблағи 15 000 доллари амрикоӣ фурӯхтааст",- меафзояд манбаъ.

Айни замон Вазорати умури дохила  дар қиболи Аскар Шарифови 47-сола бо далели сӯистифодаи моликияти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Лентаи хабарҳо
0