ДУШАНБЕ, 13 ноя —Sputnik. Қоҳир Расулзода баъд аз мулоқот бо фаъолони шаҳри Хоруғ ва ифтитоҳи 4 бино ба Душанбе баргашт, хабар медиҳад сомонаи Импулс.
Сарвазири Тоҷикистон, ки дар ивази Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябр ба Хоруғ сафар карда буд, дар ин шаҳр бинои таваллудхонаи ҷадид, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бинои истиқомати барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як бинои корӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба истифода дод.
Расулзод бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ дар бинои ҳукумати вилояти Бадахшон мулоқот кард, ки ҷузъиёти ин мулоқот ҳанӯз рушан нашудааст.
Қарор буд, тирамоҳи имсол президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Оқохони IV — пешвои Исмоилиҳои ҷаҳон ба Бадахшон сафар кунад. Аммо ба далели лағви сафари Оқохони IV ба Тоҷикистон, сафари Раҳмон низ ба Хоруғ лағв шуд.
Дар бештар аз 2 соли охир дар Хоруғ даргирии мақомоти давлатӣ бо афроди мусаллаҳ чанд маротиба рух дод. Дар пайи ин даргириҳо чанде аз сокинони осоишта ва неруҳои мақомоти давлатӣ ҳамроҳ бо силоҳбадастон кушта шуданд.