ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ифтитоҳи корхонаҳои сементбарорӣ ва бофандагӣ, бинои беморхонаву мактаб баргузор шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии райисҷумҳур.
12-уми ноябр боздиди кории роҳбари давлат аз Ёвон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кор ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ идома карда, президент дар ҷамоати Даҳана ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки зарфияти тавлидотии солонаи он 1,2 миллион тонна хоҳад буд.
"Ин корхона дар муддати 1 сол аз ҷониби ширкати муштараки Ҷунг-Сай-Моҳир бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд",- менависад сомонаи президент.
Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.
Дар ҷамоати деҳоти Чоргул бошад, корхонаи муосири паррандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд ва давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад.
"Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти паррандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро дар назар доранд",-афзуд манбаъ.
Президент аснои сафри кориаш инчунин дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда ва дар маркази ноҳия маҷмааи истеҳсолию хизматрасониро ифтитоҳ кард.
Дар беморхонаи марказӣ, ки дар ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
"Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст",-менависад сомонаи райисҷумҳур.
Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо ҶФО ҳамин гуна таваллудхонаҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.