Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Хабаровск қонунӣ кор кунанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз соли нав шурӯъ карда, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон имкон доранд ба минтақаи шимолии Русия ба таври қонунӣ сафар намоянд ва дар он ҷо онҳоро бо ҷои кору зист, санадҳои зарурӣ таъмин намоянд.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шабакаи фурӯшгоҳҳо (гипермаркетҳо) — и Хабаровск метавонанд беш аз 200 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул намоянд, иттилоъ медиҳад сомонаи намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар ФР дар такя ба суханони Евгения Михайлова, роҳбари маъмурияти шабакаҳои номбурда.

"Аз моҳи январи 2015 барои шабакаи фурӯшгоҳҳои мо нонпазҳо, хазинадорон, ошпазҳо, қаннодон ва боркашу дигар кормандон даркор мешаванд", — афзуд Михайлова. Ба қавли ӯ, ташкилот кормандонро бо ҷои хоб ва санадҳои зарурӣ таъмин хоҳад кард. Гуфтанист, муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз соли 2013 ба ин сӯ дар шабакаҳои фурӯшгоҳҳои Хабаровск кор мекунанд.

Шартҳои нав барои хориҷиён дар ФР

Айни замон аз ширкати "Эллада" — и Хабаровск ба намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Русия дархост барои кӯмак дар интихоби кормандон дархост ворид гардидааст. Намояндагии Тоҷикистон ҳамчунин  20 дархост и ба ин монанд аз манотиқи мухталифи Русия дарёфт кардааст, хоҳишмандон метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.   

Тайи бист соли ахир садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ барои дарёфти кор ба Русия мераванд ва даромади аксари шаҳрвандони мо аз ҳисоби маблағи ирсолшудаи муҳоҷирон аз ФР аст. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ 1, 5 миллион ҳамватани мо ҳамчун муҳоҷир дар Русия ба сар мебаранд. Ҳамасола муҳоҷирон беш аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон мефиристанд.  

Лентаи хабарҳо
0