ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тавлиди рекордии кӯкнор дар Афғонистон аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ба қайд гирифта шудааст, менависад сомонаи Дойчи велле.
Дар соли ҷорӣ заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон афзоиш ёфта, ба се баробари замони сарнагунии ҳукумати Толибон расидааст, бо такя ба гузориши тозаи СММ хабар медиҳад сомонаи мазкур.
Бар асоси ин гузориш, ки чаҳоршанбеи 12 ноябр мунташир шуд, бо вуҷуди мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистон тавлиди он ба сатҳи рекордии нав расидааст.
Сатҳи заминҳои кишти кӯкнор дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта ҳафт дарсад рушд ёфта, ба 224 ҳазор гектар расида аст. Дар соли 2013, бино бар гузориши СММ, заминҳои кишти кӯкнор 209 ҳазор гектарро дар бар мегирифт.
Ин кишвар дар соли гузашта бо тавлиди 5 ҳазору 500 тон тарёк бино бар омори ироашуда, 80 дарсади тарёки дунёро таъмин кардааст, менависад Дойчи велле.
Дар соли 2002, пас аз сарнагунии ҳукумати Толибон, дар Афғонистон ҳамагӣ дар 74 ҳазор гектар замини ин кишвар кӯкнор кишт мешуд.