ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Кишоварзони тоҷик аз 407 ҳазор тоннаи нақша то имрӯз 87 дарсади ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ кардаанд, иттилоъ медиҳад бахши растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 30 ҳазор пахтачин ба саҳро баромада, ҳосили ҷамъовардаи онҳо дар як рӯз ба 2 ҳазору 849 тонна мерасад. Ҳоло бошад, 360 ҳазор тонна пахта дар саросари кишвар чида шудааст.
"Мо нақша доштем, ки бо баланд бардоштани ҳосилнокии паахта дар майдонҳои кишт ҳосили имсолаи пахта ба 408 ҳазор тонна мерасад, аммо ҳолати воқеъӣ нишон медиҳад, ки ҳосили умумӣ ба 366 ҳазор тонна мерасаду бас. Пахтакорони вилояти Хатлон —270 ҳазор тонна ва вилояти Суғд 100 ҳазор тонна ҳосил гирифтанианд", — қайд карданд дар раёсати растанипарварӣ.
Дар вилояти Хатлон 251, 9 ҳазор тонна, Суғд — 94 ҳазор тонна ва навоҳии тобеъи марказ беш аз 10 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Имсол деҳқонон дар майдони 177 ҳазору 761 гектар пахта коридаанд, ки аз 120,4 ҳазораш ба вилояти Хатлон, 52 ҳазору 24 гектар ба вилояти Суғд ва 5,2 ҳазор гектар ба навоҳии тобеъи марказ рост меояд.
Дар соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 312 ҳазор тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ гардида буд.
Аз таҳлили арқоми Оҷонсии омори Тоҷикистон бармеояд, ки солҳои охир пахта маҳсулоти муҳими стратегӣ набуда, дар руйхати молҳои содиротии Тоҷикистон мавқеашро гум мекунад. Дар ҷадвали содирот пахта ҳамагӣ 15 дарсади молҳои содиротиро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2014 содироти нахи пахта 43,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки арзиши он 73, 5 миллион доллар мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, 74,5 ҳазор тонна пахта бо нархи умумии 123 миллион доллар содир гардида буд.
Соли 2013 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 115 ҳазор тонна пахта бо нархи 190 миллион доллар ба фурӯш баровард. Дар соли 2012 ин рақам муодили 144 ҳазор тонна (224 миллион доллар) буд.