ОИБ "Русияи имрӯз" Sputnik-ро ба мадор баровард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМуаррифии бузургтарин бренди байналмилалии иттилоотии "Sputnik"
Муаррифии бузургтарин бренди байналмилалии иттилоотии  Sputnik - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дафтари ОИБ “Россия сегодня” (Русияи имрӯз) дар Маскав муаррифии бузургтарин бренди иттилоотӣ – Sputnik баргузор шуд. Дар наздиктарин фурсат дар чандин кишвари дигар низ бренди мазкур муаррифӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik.  10-уми ноябр дар қароргоҳи ОИБ "Россия сегодня" (Русияи имрӯз) дар Маскав муаррифии бузургтарин бренди иттилоотӣ — Sputnik сурат пазируфт. Бренд аз ҷониби Дмитрий Киселёв, мудири кулли ОИБ "Россия сегодня" ва Маргарита Симонян, сармуҳаррири он муаррифӣ шуд, менависад сомонаи Russia Today.

Бренди нав таҳти унвони Sputnik бо ҷадидтарин марказҳои чандрасонаӣ дар даҳҳо кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон ва Украинаву Ӯзбакистон ба фаъолият мепардозад.

"Ҳайати эҷодии Sputnik дар чандин кишвар сомонаҳои худро роҳандозӣ карда, рӯйи амвоҷи маҳаллӣ бо кормандони таҳҷоӣ ба кор шурӯъ менамоянд. Тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда дар соли 2015 миқдори пахши барномаҳои радиоии "Голос Россия" (Садои Русия) дар як шабонарӯз ба 800 соат расида, он дар 34 давлат ва 130 шаҳри ҷаҳон бо 30 забон барнома пахш хоҳад кард", — гуфт Дмитрий Киселёв аснои муаррифии гурӯҳи расонаҳои Sputnik.

Sputnik дар ҳар кишвар маркази чандрасонаии фарогир бо радиостансия барои аудиторияи маҳаллӣ, сомона ва хабаргузорӣ созмон медиҳад, кибарои роҳандозии контенти хосу маркази матбуотӣ мусоидат мекунад.

ОИБ "Русияи имрӯз" бузургтарин бренди иттилоотии Sputnik-ро муаррифӣ кард

"Бархеҳо суол медиҳанд, ки оё мо "РИА Новости"-ро ба Sputnik табдил медиҳем? Не, ин тавр нест. РИА Новости ва сомонии маъруфи  он — Ria.ru мисли пештара дар Русия ҳамчун пешоҳанг ва муҳимтарин манбаи хабарӣ дар бозори иттилоотӣ боқӣ мемонад. Дар дигар кишварҳо бошад, оҷонсии мо таҳти бренди ҷадид, яъне Sputnik, бо ин номи хеле гарм, маълум ва шинохташуда фаъолият хоҳем дошт",- афзуд оқои Киселёв.

Манобеи чандрасонаии МИА "Россия сегодня" дар фазои беканори интернет бо ному унвонҳои гуногун ёд мешавад, аммо тамғаи аслӣ ҳамоно Sputniknews.com боқӣ мемонад.

"Ҳадафи асосии сиёсати редаксионии мо чӣ хоҳад буд? Ҳар як расонаи иттилоотӣ сиёсати вижаи худро дорад. Ҳар як расона тарзи ба худ мақбули ҷамъоварии иттиллот, паҳн ва пешниҳод кардани онро дорад. Дар тасаввури мо — ин гуногунпаҳлӯ, гуногунранг ва гуногунфарҳанг аст. Дар ин олам Ҷопон ҷопонист, Чин —чинӣ, Туркия —туркӣ ва Русия бо фарҳанги гуногунмиллаташ русист. Мо мухолифи таблиғоти таҳоҷумием, ки ҷаҳонро якқутба нишон додан мехоҳад. Мо ба ин боварем, ки ин таври фаъолият ғайривоқеист",- қайд кард ӯ.

Шабонарӯзӣ ахбори рӯз таҳти бренди Sputnik бо забонҳои англисӣ, испанӣ ва арабӣ нашр мешавад. Охири сол бошад, бо забони чинӣ низ дастрас кардани ахбори рӯз имконпазир мегардад. Бойгонии аксҳои Sputnik дар манбаи воҳид (ягона) ҳифз мешавад ва барои истифодаи оҷилу саривақтии марказҳо дар манотиқи мухталиф мусоидат хоҳад кард.

Ба қавли Киселёв, дар ҳар як намояндагии расона теъдоди кормандон аз 30 то 80 нафарро ташкил медиҳад.

Марказҳои чандрасонаии Sputnik дар кишварҳои пасошӯравӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Боку, Бишкек, Кишинёв, Киев, Минск, Москва, Рига, Симферопол, Сухумӣ, Таллин, Тошканд, Тифлис, Схинвалӣ ва Вилнюсу Ереван намояндагиашро боз мекунад.

Дар мамолики дигар бошад, дар шаҳрҳои Пекин, Белград, Берлин, Хелсинки, Буэнос-Айрес, Қоҳира, Истанбул, Лондон, Монтевидео, Делҳии нав, Париж, Рио де Женейро ва Вашингтон дафтар хоҳад дошт.

 

Лентаи хабарҳо
0