Ҷашнвораи байналмилалии филми занони Афғонистон дар Ҳирот барпо шуд

© Pixabay.comАфганский горот Герат. Архивное фото
Афганский горот Герат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоизаи беҳтарин филм дар бахши филмҳои бадеии афғон ба “Руъёи дарё”, маҳсули Ҷалили Ҳусайнӣ расид ва ҷоизаи беҳтарин бозигари зан ба Собира Ризоӣ барои филми “Охирин достон” эҳдо шуд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дувумин ҷашнвораи байналмилалии филми занон аз 8 то 10 ноябр дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи "Дойчи Велле".

Ин ҷашнвораи се рӯза нигоҳи вижае ба масоили занон дар саросари дунё дошт. Ба ин фашнвора 500 филм аз саросари ҷаҳон фиристода шуда буд, ки 19 филмро эрониҳо коргардонӣ карда буданд.

Ҷашнвораи байналмилалии филми занон, ки бо ҳамкории Хонаи филми Руъё ва Бунёди ормоншаҳри Афғонистон баргузор шуд, аз пуштибонии созмонҳои ғайридавлатӣ бархурдор буд.

Бо қадрдонӣ аз филмҳои бартари ин давра ҷашнвора ба кори худ хотима бахшид.

Ҷашнвораи байналмилалии филми занони Ҳирот қарор буд дар рӯзи 8 март баргузор шавад, аммо баргузории интихобот ва ба гуфтаи масъулини Бунёди ормоншаҳр, таъмини амнияти комили ширкаткунандаҳо таърихи баргузориро ба моҳҳои баъд андохт.

Ҷоизаи беҳтарин филм дар бахши филмҳои бадеии афғон ба "Руъёи дарё", маҳсули Ҷалили Ҳусайнӣ расид ва ҷоизаи беҳтарин бозигари зан ба Собира Ризоӣ барои филми "Охирин достон" эҳдо шуд.

Дар бахши филмҳои байналмилалӣ ҳам филмҳое аз Эрон, Куриёи Ҷанубӣ, Гангонг, Бангладеш ва Ҳиндустон ҷоиза дарёфт карданд.

Лентаи хабарҳо
0