ДУШАНБЕ, 10 ноя — Радиф Тоҷикистон. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон аснои суханрониаш дар ҷаласаи тантавӣ бахшида ба "Рӯзи милитсияи тоҷик", менависад сомонаи расмии райисҷумҳур.
Дар ҳамин ҳол, Раҳмон аз сатҳи поинравии ошкор шудани ҷиноёт ибрози нигаронӣ кард. "Таҳлили омор нишон медиҳад, ки 13 ҳазор ҷиноят аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст. Ҳарчанд, ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад ва андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд".
Райисҷумҳур дар идомаи суханрониаш ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб гардидани теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро қайд кард. "Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 79 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ барои содир кардани 100 ҷиноят дастгир карда шудаанд. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба қаламрави кишвар, инчунин ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.Вобаста ба ин, боз як масъалаи муҳимро хотирнишон месозам. Чанд рӯз пеш дар кишвар Қонун "Дар бораи авф" қабул гардид, ки амали он нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ мегардад.Вазифаи, пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рухсатшударо ба қайд гирифта, ба онҳо дар бобати таъминот бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд".
Ҳамчунин, имрӯз як бинои нӯҳошёна, ки дорои 50 хонаи истиқоматӣ аст барои кормандони ВКД ба истифода дода шуд ва манзили он ба хизматчиёни сохторҳои зертобеи вазорат тақдим гардид.Соли равон қариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла маҷмааи варзишии «Динамо», госпитали замонавӣ, маркази назоратии "Шаҳри бехатар", бинои 5-ошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншооти хизматрасонӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ба истифода дода шудааст.