ДУШАНБЕ, 4 ноя — Радиф Тоҷикистон. "Дар арафаи таҷлил аз 20-солагии тасвиби Сарқонуни Тоҷикистон — 6-уми ноябр ду радиои маҳаллӣ ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Ҳар ду шабака дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Ӯзбакистон фаъол мешаванд",- иттилоъ медиҳад манбаъи мазкур.
Сарчашмаи хабар таъкид мекунад, ки яке аз ин радиоҳо дар ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон бо номи "Садои Осиё" рӯи мавҷи "106.8 FM" ба пахши гуфторҳои санҷишии худ оғоз кардааст ва расман рӯзи 6 ноябр ба муносибати рӯзи Конститутсия ба фаъолияти худ оғоз хоҳад бахшид.
Радиои дигар — "Дунё FM" — ҳамон рӯз ба пахши барномаҳояш дар шимоли Тоҷикистон оғоз мекунад. Муассиси "Дунё FM" студияи "Дунё +" буда, ин дуввумин радио пас аз радиои «Авис-Плюс» аст, ки ин студия аз соли 2009 ба ин тараф дар ноҳияи Истаравшан фаъол кардааст. Феълан, дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон 33 шабакаи мустақили радиоиву телевизионӣ фаъолият мекунанд.