ДУШАНБЕ, 4 ноя — Радиф Тоҷикистон. Муҳтавои сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Ван И дар ҳошияи нишасти чоруми вазирони Раванди Истамбул оид ба Афғонистон дар Пекин баррасӣ шудааст.
Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором 21 кишвари ин минтақаро бо ҳадафи тиҷорати озод ва содда кардани сармоягузорӣ муттаҳид мекунад. Ин созмон 40% — и аҳолӣ, 54% — и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 44% — и тиҷорати ҷаҳониро соҳиб аст.
Узвияти онро 21 давлат, ки дар соҳилҳои Уқёнус Ором ҷойгиранд (Австралия, Бруней, Канада, Индонезия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Малайзия, Зеландияи нав, Филиппин, Сингапур, Тайланд, ИМА, Чин, Тайбей ва Ҳонконг (Чин), Мексика, Гвинеяи нав, Чили, Перу, Русия ва Ветнамро муттаҳид мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ин ягона созмони байнулмилалӣ аст, ки Тайван бо ризоияти Чин узвияташро ба даст овардааст.
Ин иттиҳод соли 1989 дар Канберра бо ташаббуси сарвазирони Австралия ва Зеландияи нав ташкил шуда, котиботаш дар Сингапур ҷойгир аст ва дар он 23 дипломат ба намояндагӣ аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором ва 20 корманди маҳаллӣ кор мекунанд.
Соли 1998 пас аз вуруди Русия, Ветнам ва Перу мораторияи 10-сола барои пайдо кардани узвияти дар ин созмон эълон шуда буд. Ҳоло Ҳиндустон ва Муғулистон барои узвият дархост пешниҳод кардаанд. Ин ду кишвари осиёӣ ҳастанд, аммо дар соҳили Уқёнуси Ором нестанд.
Ҳайати Тоҷикистон бори аввал таҳти сарварии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ин созмон ширкат мекунад.