ДУШАНБЕ, 3 ноя — Радиф Тоҷикистон. "Тибқи қарордоди қаблӣ, даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 муддати 12,5 сол ба ихтиёри Эрон вогузор гардида буд. Ба далели ин ки Тоҷикистон қодир нест маблағи истифодаро пардозад, тавофуқ ҳосил шуд, ки муҳлати дар ихтиёри Эрон қарор доштани нерӯгоҳ ба манфиати Эрон дарозтар шавад", — гуфтааст ба хабаргузории "Азия плюс" Сайидмаҳмуди Садрӣ, ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон.
Санадҳо дар ин хусус ҳанӯз зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон санаи 10-уми сентябр ба имзо расида будаанд, менависад хабаргузории мазкур.
Сайидмаҳмуди Садрӣ гуфтааст, феълан қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-2 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад.