ДУШАНБЕ, 03 ноя. — Радиф Тоҷикистон. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм низ дар меҳвари мулоқот қарор дошт.
Ин созиш дар ҳолест, ки қаблан Шан Син Фен, масъули мубориза бо терроризми Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе гуфт, интернет ба силоҳи нав дар дасти ҷинояткорон мубаддал шудааст. Ӯ зимни ҳисоботаш ба сарони кишварҳои узви созмон гуфт, "мағзшӯӣ дар интернет" ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон усули нави террористҳост.
Ба гуфтаи Шан Син Фен тайи як соли охир созмонҳои террористӣ аз қабили Ҳаракати Исломии Узбакистон, Аморати Қафқоз ва дигарон тариқи паҳни наворҳо дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи фаъолияти худ ва ҷалби аъзои нав машғул шудаанд: "Мо даҳҳо сомонаҳои ин созмонҳоро ошкор кардем, ки дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ ҳазорҳо бинанда доштанд. Рӯйхати ин сомонаҳоро ба ниҳодҳои дахлдори кишварҳои СҲШ пешниҳод кардем. Созмонҳои террористӣ дар сомонаҳо ба мағзшӯӣ ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон машғул шуда, ба ҳамин минвол фаъолияташонро таблиғ мекунанд."
Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик танҳо дар моҳи октябр садҳо сомонаро масдуд намуданд, ки то ҳол низ бисёре аз онҳо, аз ҷумла шабакаи Фейсбук, Вконтакте ва як қатор сомонаҳои хабарӣ дастнорас боқӣ мондаанд
Душанбе ва Пекин алайҳи киберҷинояткорӣ иқдом мекунанд
11:35 03.11.2014 (Навсозишуда: 16:28 12.02.2016)
© Sputnik / Сергей Елкин
/ Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин, Мэн Хунвей зимни вохӯрии ғайрирасмӣ созиш кардаанд, ки ҳамкориро дар самти мубориза бо киберҷинояткорӣ густариш хоҳанд дод.