Инфиҷори шадид дар мактаби Кобул чанд нафарро кушт

© AFP 2023 / RIZWAN TABASSUMСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Обуна шудан
Бар асари таркиши шадид дар наздикии як мактаб дасти кам шаш нафар кушта шуда, боз даҳҳо тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар ҳудуди муассисаи таълимии пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул дастикам се таркиши шадид рух дод. Дар ин бора хабаргузории Aamaj News хабар додааст.
"Манбаъҳо аз чанд таркиш дар мактаби Мумтоз дар минтақаи Калъаи Нави ҳавзаи шашуми амниятии Кобул хабар доданд. Омили инфиҷор то ҳол мушаххас нашудааст", - гуфт оҷонсӣ.
Гузоришҳои шоҳидони айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоъии Афғонистон дар бораи кушта шудани шаш нафар дар ин ҳодиса мунташир шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дастикам даҳ шаҳрванд захмӣ шудаанд.
Қаблан шабакаи телевизионии "1-ти-ви" хабар дода буд, ки яке аз инфиҷор дар маркази таълимӣ ва дуввумӣ дар назди мактаб рух додааст.
Автомобиль скорой помощи в Турции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Дар Туркия таркиши мудҳиш рух дод
Тибқи як тафсир, сабаби таркишҳо норинҷаки дастӣ будааст.
Толибон, ки худро ҳукумати Афғонистон эълон карданд, то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд. Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, масъулияти таркишро бар ӯҳда нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 18 апрел дар туркия низ таркиши шадид рух дод, вале то ҳол маълумот дар мавриди қурбониёну ҷароҳатбардоштагон рӯи даст нест.
Таркиш дар биное сар зада буд, ки одамони зиёд он ҷо қарор доштанд. Гуфта мешавад, баъди он ки биноро дуд фаро гирифт, сокинонро зуд аз ҷойи ҳодиса интиқол доданд.
Лентаи хабарҳо
0