Миллионҳо доллар, тило ва мошинҳои гаронбаҳо - кашфи амволи раиси собиқи КАМ Қазоқистон

© Пресс-служба КНБ КазахстанаВ КНБ показали чемоданы с деньгами в доме Масимова
В КНБ показали чемоданы с деньгами в доме Масимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Кумитаи миллии амнияти Қазоқистон мегӯяд, ки раиси собиқи ин кумита дар гирифтани миллионҳо доллар ришва аз шаҳрвандони хориҷӣ гумонбар мешавад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Тафтиши парвандаи Карим Масимов, раиси пешини КАМ Қазоқистон нишонаҳои зиёди фасодро ошкор кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, тафтиши парвандаи ҷиноии Масимов ва афроди дигари ӯ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, омодагии ғасби қудрат ва сӯистифода аз мақом идома дорад.
Кумита хабар додааст, ки дар баробари ин дар ҷараёни тафтишот дар аъмоли Масимов аломатҳои зиёди коррупсионӣ ошкор шудааст.
"Далоили гирифтани ғайриқонунии амволи ғайриманқул, тӯҳфаҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сарватҳои фарҳангӣ, маблағҳои ҳангуфт аз намояндагони доираҳои соҳибкории ватанӣ ва субъектҳои хориҷӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд",- гуфтааст мақомоти амниятии Қазоқистон.
Ҳамчунин гуфта мешавад, тафтиши далели гирифтани пора дар ҳаҷми 2 миллион доллар аз ҷониби Масимов дар мақоми раиси КАМ идома дорад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки пули аз Ҳонконг гирифташуда ба Бонки миллии Қазоқистон интиқол дода шудааст.
Ҳамчунин тафтишот дар бораи он, ки Карим Масимов дар замони нахуствазирӣ аз як сохтори тиҷоратӣ дар пойтахт як меҳмонсарои барҳаво ва қитъаи заминро ба маблағи ҳудуди 2,5 миллиард танга гирифтааст, низ оғоз шудааст.
Премьер-министр Казахстана Карим Масимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
Пас аз боздошти Масимов дар моҳи январи соли 2022, аз ин меҳмонхона 17,2 миллион доллар пули нақд ва ҳамчунин ашёи сершумори боҳашамат - соатҳои боҳашамат, сутунҳои тилло, антиқа ва ғайра мусодира карда шуд.
Илова бар ин, 11 мошини гаронарзиши ба ӯ тааллуқдошта мусодира шудааст.
КАМ ҳамчунин хабар дод, ки амвол - ду хонаи боҳашамат дар Нур-Султон, ду манзил ва як қаср дар Алмаато, инчунин як қитъаи замини 1 гектар дар соҳили кӯл дар минтақаи истироҳатии Шучинско-Боровск мусодира шудааст.
5 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоӣ аз доираҳои наздики Масимов мусодира ва ҳабс шудааст.
Ҳамзамон, кор барои ҷустуҷӯ, ҳабс ва ба Қазоқистон баргардонидани маблағҳои аз ин ҳам бузургтаре, ки Масимов ва атрофиёни ӯ ба таври ғайриқонунӣ ба суратҳисобҳо дар бонкҳои хориҷӣ гирифтаанд, ташкил карда шуд. Аз рӯи ҳамаи ин далелҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд, афзудааст манбаъ.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Тоқаев бародарзодаи Назарбоевро аз вазифа гирифт
Ёдовар мешавем, ки Карим Масимов рӯзи 6 январ дар пайи ошӯбҳои оммавӣ аз мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканор шуд. Дар бораи боздошти ӯ рӯзи 8 январ маълум шуд. Ҳамчунин дар бораи боздошти ду муовини ӯ - Анвар Содиқулов (сардори Хадамоти таъиноти махсуси "А") ва Давлат Ерғожин хабар дода шуд.
Гумонбаршудагон ба ҷуз аз хиёнат ба давлат ва амалҳое, ки ба ғасби иҷбории қудрат ё зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Қазоқистон нигаронида шудаанд, ба "баромадан аз ҳадди ваколат ё ваколатҳои мансабӣ" бо мақсади ба даст овардани фоида ва бартарият ба худ ё дигар шахс ё созмон ё расонидани зарар ба давлат муттаҳам мешаванд.
Боз як муовин - ҷияни раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Самат Абиш аз мақомаш барканор шуд.
Лентаи хабарҳо
0