Эрон эълон кард, ки омодааст содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти Эрон таъкид доштааст, ки метавонад содироти барқ ба Афғонистону Покистонро беш аз 400 МВт афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Мустафо Раҷабии Машҳадӣ, роҳбари ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон эълон доштааст, ки имкон вуҷӯд дорад то беш аз 400 МВт таъмини барқи кишвари Покистону Афғонистон афзоиш дода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вай афзуд, ки роҳбари ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон гуфт, алоқаманд ба тавсеаи равобит ва ҳамчунин содироти бештари барқ ба Покистону Афғонистон аст.
Раҷабии Машҳадӣ қаайд кард, ки хати интиқол то марзи Покистон барои таъмини барқи бандари "Гвадар"-и Покистон ҳам эҳдос шуда, аммо шабакаи барқ дар ин кишвар ҳануз муҳайё нест.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Бе Эрон, Покистон, Тоҷикистон намешавад: Лавров мухолифи ҳалли қазияи Афғонистон дар G20
Вай ҳамзамон дар бораи содироти барқ ба Афғонистон ишора кард.
“Ба кишвари Афғонистон ҳам содирати барқ дорем ва маҷмӯи барқи содиротӣ ба Афғонистону Покистон зери 100 МВт аст”, - таъкид дошт Мустафо Раҷабии Машҳадӣ.
Лентаи хабарҳо
0