https://sputnik.tj/20210520/qurb-rubl-dollar-evro-somoni-tojikiston-1039573190.html
Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки ба поя нишондодҳо пули миллӣ дар ҳоли заифшавист
2021-05-20T09:21+0500
2021-05-20T09:21+0500
2021-05-20T11:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620446_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0901f7e0a7a21678f6a84490858ca624.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.8274 сомонӣ арзиш дорад. Мавриди зикр аст, ки асъори аврупоӣ дар Тоҷикистон бори нахуст ба чунин сатҳ боло рафт.Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1529 сомонӣ нишон додааст. Асъори русӣ бошад дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8374 то 13.9100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1529 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
https://sputnik.tj/20210519/mablaghguzor-china-iqtisodi-tojikiston-sarmoyaguzori-1039556638.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620446_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ea021e1ed8a633a8222be289891f2a00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
арз, қурби, рубл, доллар, евро, сомонӣ, тоҷикистон
арз, қурби, рубл, доллар, евро, сомонӣ, тоҷикистон
Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон
09:21 20.05.2021 (Навсозишуда: 11:02 20.05.2021) Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо пули миллӣ дар ҳоли заифшавист
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.8274 сомонӣ арзиш дорад. Мавриди зикр аст, ки асъори аврупоӣ дар Тоҷикистон бори нахуст ба чунин сатҳ боло рафт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1529 сомонӣ нишон додааст. Асъори русӣ бошад дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8374 то 13.9100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1529 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.