ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 20-25 то 30- 35 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.