КДАМ гуфт чаро шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд шаҳрвандони афғонистонии аз кишвар бо сабаби қонуншиканӣ ихроҷ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. КДАМ Тоҷикистон таъкид кардааст, ки шаҳрвандони Афғонистон, ки ихроҷ шуданд новобаста аз шароити мавҷуда, аз ҷумла, макони созгори иқомат, ҷойи кор, таҳсил, амнияту осоиш талаботи қонунгузории кишварро дағалона вайрон намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҷиноёти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир — 670 ҳолат, пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ — 32 ҳолат, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон — 15 ҳолат, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ — 594 ҳолат, ташкили марказҳои дилхушӣ ва қиморбозӣ — 45 ҳолат, алоқамандӣ бо созмону ташкилотҳои тахрибӣ ва кӯшиши ноором сохтани вазъияти кишвари иқомат — 25 ҳолат сабаби ихроҷи бархе аз ашхоси мавриди назар гардид.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки ҷинояти охироне, ки аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар содир гардид, боиси ба вуҷуд омадани норозигиҳо дар байни сокинони кишвар шуд.
"Бори дигар таъкид мегардад, ки ашхоси мазкур барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ, риоя накардани қонунгузории ҷумҳурӣ муттаҳам мебошанд ва барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят дар оянда ин иқдомҳо гирифта шудааст",- афзудааст КДАМ.
КДАМ илова кардааст, ки бештар аз 10 ҳазор хонаводаи афғон, ки талаботи қонунҳои ҷориро риоя мекунанд дар Тоҷикистон оромона зиндагӣ доранд ва аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан расонаҳои афғонистонӣ аз ихроҷи 250 оила пас аз куштори зане дар Хуҷанд хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол КДАм таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори зиндагии осоишта ва орому пешрафти мардуми дӯсту ҳамҷавори афғон аст.
Кобул аз Тоҷикистон хост, консулгариашро дубора дар вилояти Бадахшони Афғонистон боз кунад
“Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои баланди байналмилалӣ давлатҳои ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони Афғонистон даъват намуда, барои барқарории сулҳи пойдор дар ин сарзамин саъю талоши воқеӣ мекунад”, - таъкид кардааст КДАМ.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки Тоҷикистон дар тӯли 35 сол Ватани дуюми муҳоҷирати се насли шаҳрвандони Афғонистон гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо арҷ гузоштааст.
“Айни замон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон кору зиндагӣ дошта, барояшон шароити арзандаи кору иқомат фароҳам оварда шудааст”, - таъкид кардааст КДАМ.
Қайд карда шудааст, ки мардуми тоҷик ва мақомоти давлатӣ бо онҳо муносибати холисона доранд.