Даъвати мақомот аз сокинон: Дар хариду истеъмоли маҳсулот дар фасли гармо ҳушёр бошед

Вазорати тандурустии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо ҳушдор додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ шаванд худдорӣ намоняд.
Вазорат ҳушдор додааст, ки бо фаро расидани фасли гармо хатари вайроншавии маҳсулоти тезвайроншаванда ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ меафзояд.
“Баланд шудани ҳарорат ба афзоиши микробҳои бемориовар мусоидат намуда, метавонад боиси заҳролудшавии ғизоӣ гардад”, - қайд кардааст вазорат.
Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки ба гурӯҳи маҳсулоти хавфнок гӯшт, моҳӣ, шир, тухм ва таомҳои тайёр дохил мешаванд.
“Фурӯши онҳо дар ҷойҳои номуносиб — кӯчаҳо, роҳравҳо ва бозорҳои ғайрирасмӣ — қатъиян манъ буда, ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ дорад”, - зикр кардааст ин ниҳод.
Вазорат аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки аз истеъмоли чунин маҳсулот, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла салмонеллёз, дизентерия ва гепатити "А" гардад худдорӣ намоянд.
Тоҷикистон ҳамасола буҷаи мубориза бо бемориҳои ВНМО ва силро то 10% афзоиш медиҳад
Қайд карда шудааст, ки барои вайрон кардани талаботи санитарӣ қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.
Вазорат аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки маҳсулотро танҳо аз нуқтаҳои расмӣ харидорӣ намуда, ба сифат ва шароити нигоҳдорӣ аҳамият диҳанд.
“Риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи оби тоза кафолати ҳифзи саломатист”, - қайд кардааст вазорат.