Бунёди ду порки технологӣ дар як ноҳияи ВМКБ

Дар ноҳияи Роштқалъа бунёди Парки дуюми технологӣ, ки дар он 9 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият хоҳад кард, бо суръат идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Ахиран Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо раванди бунёди Парки дуюми технологӣ дар ноҳия Роштқалъа аз наздик шинос шуд.
Дар ин бора мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, парк аз 9 корхонаи истеҳсолӣ иборат буда, ба коркарди ангат, обҳои ташнагишикан, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, мебелсозӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва тайёр намудани дару тирезаҳои чӯбӣ нигаронда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки бунёди парки технологӣ барои рушди соҳаи саноат дар ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи устувор мегузорад.
Раиси ВМКБ таъкид кард, ки таъсиси чунин марказҳои саноатӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти саноатикунонии босуръат ба шумор меравад.
Тоҷикистон мехоҳад боз як парки технологӣ ҳамроҳ бо Русия бунёд намояд
Вай илова кард, ки бояд дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшидан зарур аст, зеро бунёдкорӣ на танҳо ба рушди кишвар мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави кориро барои сокинони маҳал фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Парки технологии якум бо 6 коргоҳи хурди саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда буд.