Охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Ҳисор даргузашт

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Раҷаб Исмонов дар синни 100-солагӣ дунёро падруд гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Раҷаб Исмонов, ки дар синни 18 солагӣ дар Артиши сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон бар муқобили фашизм, дар муҳорибаҳои шаддиди озод намудани кишварҳои Украина, Полша аз фашистон иштирок кард ва ғалабаро дар Берлин, пойтахти Олмон истиқбол гирифтааст, дар синни 100 солагӣ дар шаҳри Ҳисор даргузашт.
Дар ин бора мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додааст.
Мақомоти кишвар ба фарзандон, пайвандону дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тассалият баён намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Раҷаб Исмонов 5 октябри соли 1926 дар деҳаи Ҳаёти Нав, Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1944, дар синни 18 солагӣ дар сафи Артиши сурх дар муҳорибаҳои шаддиди озод намудани кишварҳои Украина, Полша иштирок карда, ғалабаро дар Берлин, пойтахти Олмон истиқбол гирифтааст.
Баъди Ғалаба бар фашизм ба зодгоҳ баргашта, то нафақа, 25 сол дар хоҷагии ”50-солагии Октябр” - и шаҳри Ҳисор ба ҳайси сардори бригада кор кардааст.
Кӯҳансолтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон: Файзиев 103 сола мешавад
Қайд карда шудааст, ки Раҷаб Исмонов бо ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, ифтихорномаҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.
Акнун дар Тоҷикистон айни замон 9 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст.
Шаш собиқадор дар вилояти Хатлон, ду нафар дар вилояти Суғд ва як нафар дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон
Шумораи бештари собиқадорони ҷанг, ки шаш нафаранд, дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон 100 нафар коргарони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи ҷанг 300 ҳаз. нафар аз ҷумҳурӣ ба фронт даъват шуда, беш аз 90 ҳаз. нафар аз Артиши Сурх барнагаштанд.
Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, 56 ҳаз. нафар барои хидматҳои ҳарбӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд. Ғайр аз ин, 56 сокини ҷумҳурӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар бо ордени Шӯҳрат қадрдонӣ шудаанд.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100 ҳаз. сокин аз саросари ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шудаанд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 29 беморхонаи махсусгардонидашуда фаъолият мекард, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор сарбозони хатти фронт табобат мегирифтанд. Бисёре аз онҳо баъдан ба Артиши Сурх баргаштанд.