ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Қариб ним соли пеш Иттиҳодияи Урупо се бонки бузурги Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби вазъи таҳримҳо алайҳи Русия таҳим карда буд.
Дар шарҳи лағви таҳримҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки хориҷ шудани бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро гоме мусбат ва мантиқӣ медонанд.
“Як гуруҳи кории мо қариб ним сол ба Брюссел рафта, тамоми асноди заруро пешниҳод ва собит кард, ки ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, ҷанбаи сирф тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ дорад. Маболиғе, ки тариқи ин бонкҳо раддубадал мешаванд, мустанад, шаффоф ва қонунӣ ҳастанд”, - гуфтанд дар Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин манбаъ афзуд, вақте масъулини Иттиҳоди Аврупо далоили моро ба баррасӣ гирифтанд ва бо асноди расмӣ шинос шуданд, мутмаин шуданд, ки тариқи бонкҳои мо ҳеҷ тахаллуфе сурат нагирифтааст.
“Мо хориҷ шудани бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро як таҳаввули бесобиқа дар ҳамчунин қазияҳои таърих меҳисобем”, - гуфт манбаъ.
Иттиҳодияи Урупо дар таърихи 23 октябри 2025 алайҳи се бонки Тоҷикистон – “Душанбе сити” (Dushanbe City Bank), “Спитамен” (Spitamen Bank) ва “Камертсбанк” (Commerce Bank of Tajikistan) - ба гумони кӯмак дар давр задани таҳримҳо алайҳи Русия таҳрим вазъ карда буд.
Ин тасмим дар чорчӯби бастаи нуздаҳуми таҳримҳо алайҳи Русия иттихоз шуд ва ба таври расмӣ дар 12 ноябри 2025 ба иҷро даромад. Дар пайи он ширкатҳо ва ашхоси воқеӣ аз Иттиҳодияи Урупо аз анҷоми муомилот бо ин бонкҳо манъ шуданд.
23 апрели 2026 Бонки миллии Тоҷикистон дар веб-сайти худ эълон кард, ки бонкҳои мазкур аз феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо хориҷ шуданд. Акнун бонкҳо ба ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар риволи одӣ бозгаштанд.