ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2026, аз ҷониби соҳибкорону фурӯшандагони шаҳру ноҳияҳои минтақа 3783 килограмм маҳсулоти ғизоии пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ихтиёран Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб супурда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб хабар додааст.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва фурӯшандагон як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратиро ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии маҳсулоти пастсифат тадбирҳои мушаххас андешиданд.
Ҳамзамон ба иттилои ин ниҳод, дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ 828 ташхис гузаронида шуда, аз онҳо 55 намуна ғайристандартӣ муайян гардиданд.
“Аз ҷумла, маҳсулоти қаннодӣ, ширӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, чой, меваи хушк ва дигар навъҳои маҳсулот ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ба иттилои Раёсати стандартизатсия, дар доираи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатӣ 7 ҳолати вайронкунии талаботи техникӣ ошкор гардида, 25 тоннаву 500 килограмм намаки ғайримеъёрӣ аз муомилот боздошта шуд.
“Бо дархости соҳибкорон дар 74 корхонаву сехҳои истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуда, дар бахши саноати сабук низ дар даҳҳо корхона ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки мутахассисони бахши нозироти савдо дар бозорҳо ва марказҳои хизматрасонии минтақа бо соҳибкорону фурӯшандагон вохӯриҳо доир намуда, зарурати риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасониро шарҳ доданд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки танҳо ҳамкории зичи мақомоти назоратӣ бо соҳибкорон метавон аз фурӯшу паҳншавии маҳсулоти пастсифат пешгирӣ кард.