Душанбе мошинҳои воридотиро зери заррабин мегирад

Мақомоти шаҳри Душанбе роҳҳои воридшавии даромаду баромад ба пойтахти Тоҷикистонро зери назорат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар доираи амалиёти нақшаи “Боздошт” барои дар 68 минтақаҳои кучаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе насб намудани 117 адад (19 ададаш аллакай насб шудааст) дурбинҳо (камераҳо)-и бақайдгирии дар роҳҳои воридшавии даромаду баромад ба шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора мудири Шуъбаи технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Лоиқ Шералӣ ба “Паёми Душанбе” хабар додааст.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир дар маҷмуъ дар 115 чорроҳа, 315 камераҳои бақайдгирии қойидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ насб карда шудааст.
Вай таъкид кард, ки дар пойтахт дар бархе кӯчаҳо 63 радарҳо барои пешгирии ҳолатҳои суръатафзоӣ ва 43 адад камераҳои шинохти чеҳра насб карда шудааст, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Дар Душанбе муоинаи ҳатмии техникии нақлиётро камераҳо месанҷанд
Ҳамчунин ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, дар 350 истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ 137 адад камераҳои бақайдгирӣ насб шудааст.
Ҳамзамон ба иттилои шаҳрдорӣ дар 575 минтақаи таваққуфгоҳҳои музднок ба нақша гирифташудааст.
“Дар 300 минтақа барои 4500 мошин ҷойи таваққуфӣ фаъол мебошанд”, - қайд кардааст Лоиқ Шералӣ.