ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Оташи муқаддас аз Байтулмауқаддас ба Тоҷикистон расид.
Дар ин бора аз Департаменти ҳамкории шаҳрвандӣ-низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки интиқоли чароғ бо оташ ба калисои православии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Пасхаи православӣ сурат гирифтааст.
Таъкид мешавад, ки яке узви калисо аз ҳудуди Пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Байтулмуқаддас боздид карда, оташи муқаддасро ба сарбозон овардааст.
Сипас он ба ҳамаи сарбозони православӣ, оилаҳо ва хешовандони онҳо тақдим карда шуд.
Ғайр аз ин, ин рамз ба ҳамаи воҳидҳои Русия, ки дар минтақаҳои гуногун мустақаранд расонида мешавад.
Гузориш дода мешавад, ки анъанаи солонаи расонидани оташи муқаддас ба сарбозони рус, ки дар хориҷа хидмат мекунанд, барои дастгирии эҳсосоти динии сарбозон ва тақвияти ягонагии воҳидҳои дахлдор равона шудааст.
Хотиррасон бояд кард, ки Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти Русия дар берун аз марзҳои он мебошад.
Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.