ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Форуми навбатии амнияти Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин форум қарор аст, ки 30 апрел раҳбарони ниҳодҳои манияти кишварҳои минтақа дар Душанбе ҷамъ шаванд.
Ин форум бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад "Ховар".
Дар он намояндагони институтҳои тадқиқоти стратегӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин вазорату идораҳои Тоҷикистон, муҳаққиқон ва коршиносони амниятӣ иштирок мекунанд.
Таъкид шудааст, ки дар ин форум ҷаласаҳои умумӣ, мизҳои мудаввар ва муҳокимаҳои коршиносон, ки ба таҳкими эътимод ва ҳамоҳангсозии амалҳои давлатҳои минтақа нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд.
"Ҳадафи форум баррасии масъалаҳои кунунии амнияти Осиёи Марказӣ ва мубодилаи афкор дар бораи пешгӯиҳои онҳо барои ояндаи наздик мебошад",- афзудааст манбаъ.
Ин чунин дар форум қарор аст, ки чолишҳо ва имкониятҳои эҳтимолӣ ва эҳтимолии амниятӣ баррасӣ мешаванд ва чолишҳо ва имкониятҳои фароминтақавӣ барои амнияти минтақавӣ муайян карда мешаванд.
Дастандарткорони чорабинӣ таъкид мекунанд, ки форум ба тақвияти муколамаи стратегӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи амният мусоидат мекунад, ки барои рушди устувори Осиёи Марказӣ махсусан муҳим аст.