Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Ман омодаам": Зеленский ба Путин муроҷиат кард

Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский бори дигар пешниҳод кард, ки омодааст бо Путин дар хориҷа дидору музокирот кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский бори дигар гуфт омодааст бо Владимир Путин берун аз Маскав дидору мулоқот мулоқот кунад.
"Ман омодаам бо Путин мулоқот кунам. Албатта, на дар Маскав ва на Киев. Аммо агар ӯ омода бошад, ки бо ман мулоқот кунад, ҷойҳои зиёде ҳастанд. Мо метавонем чунин ҷойро дар Ховари Миёна, дар Аврупо, дар Иёлоти Муттаҳида - дар ҳама ҷо пайдо кунем", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии RAI.
Зеленский инчунин бори дигар идеяи хуруҷи нерӯҳои Украинаро аз Донбасс рад кард.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошт, ки Владимир Путин борҳо гуфтааст, ки агар Зеленский барои муколама омода бошад, метавонад ба Маскав биёяд.
Ба гуфтаи оқои Ушаков, Русия ҳеҷ гоҳ аз мулоқот бо Зеленский худдорӣ накардааст, аммо ин тамосҳо бояд хуб омода карда шаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА дар бобати ҳалли низоъи Украина хушбин аст
Рӯзи 23 январ Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури русия, изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд Донбассро тарк кунанд.
Вай гуфт, ин як шарти муҳим барои Русия ва қатъи низоъ ва гуфтугӯҳои дипломатӣ аст.