Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати хориҷаи Русия аз СММ ва САҲА хост усулҳои террористии Киевро баҳо диҳанд

Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват кард, ки амалҳои Киев пас аз захмӣ шудани хабарнигори "Известия" арзёбӣ карда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия аз СММ, САҲА ва ЮНЕСКО даъват мекунад, ки усулҳои террористии Киевро пас аз захмӣ шудани хабарнигори "Известия" ба таври муносиб арзёбӣ кунанд.
"Усулҳои террористии Украина бояд аз ҷониби созмонҳои байналмилалии дахлдор, пеш аз ҳама САҲА, ЮНЕСКО ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи башар, ба таври муносиб арзёбӣ карда шаванд", гуфт Захарова дар шарҳи хабар дар бораи ҳамлаи режими Киев ба хабарнигори "Известия".
Мария Захарова изҳор дошт, ки ҳамлаи Украина, ки боиси ҷароҳат бардоштани хабарнигори "Известия" гардид, қасдан буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мирошник: Дар ҳафта 25 шаҳрванди осоиштаи Русия аз ҳамлаҳои артиши Украина кушта шуд
"Шакке нест, ки идоракунони паҳпод қасдан ба "ҳадафҳо" дар шаҳрҳои дур аз хатти тамос ҳамла мекунагд", гуфт Захарова.
Ёдовар мешавем, ки хабарнигори "Известия" Евгений Биковский рӯзи душанбе дар Донетск аз ҷониби ҳавопаймои бесарнишин мавриди ҳамла қарор гирифт. Хабарнигор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст.