Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар чорабинии мутамарказонидашудаи аксияи ҷумҳуриявӣ "Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ" таҳти унвони "Якҷоя ба сӯйи саломатӣ. Якҷоя ба сӯйи илм” баргузор мегардад.
Ба иттилои вазорати тадурустии кишвар дар ин рӯзҳо шаҳрвандон ба хизматрасонии тибби ройгон фаро гирифта мешаванд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, чорабинии мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 6-уми апрел дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Тоҷикистон" оғоз гашт.
Дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуданд.
Русия барои муоинаи тиббии муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе ташкилоти махсус таъсис медиҳад
Дар тамоми муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, аксияи ҷумҳуриявӣ "Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” санаи 7-уми апрели соли равон оғоз мегардад.
Санаи 8-уми апрел соати 8:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.
Бинобар ин, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда шудааст, ки дар рӯз ва вақти муайянгашта ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисти худ ташриф оварда, хизматрасонии тиббии ройгон бигиранд.

Ҳамзамон дар доираи чорабинии мутамарказонидашуда то санаи 10 апрели соли равон ҳамзамон як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ дар назар дошта шудааст.