Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ғарб аз ҳушдори Путин ба Зеленский нигарон шуд

Нашрияи Daily Express навиштааст, ки раисҷумҳури Русия ба Зеленский дар мавриди Донбасс ултиматум дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3апр – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба Владимир Зеленский ултиматум гузошт, хабар медиҳад Daily Express.
"Путин аз Зеленский талаб кард, ки таслим шавад ва фавран тамоми қаламраверо, ки дар вилояти Донетск таҳти назорат дорад, бар ивази хотима додани "ҷанг” диҳад", - гуфта шудааст дар мақола.
Нашрия аз суханони котиби матбуотии президент Дмитрий Песков иқтибос меорад, ки раҳбари режими Киев бояд имрӯз дар бораи хуруҷи нерӯҳои украинӣ аз Донбасс қарор қабул кунад. Песков афзуд, ки ӯ бояд масъулиятро ба дӯш мегирифт ва дирӯз фармон медод, ки ҷангиён хуруҷ шаванд. Ин метавонист ҷони бисёриҳоро наҷот диҳад ва ба марҳилаи гарми низоъ хотима диҳад.
Дар мақола қайд карда мешавад, ки Украина то ҳол аз иҷрои ин шарт саркашӣ кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Музокироти сеҷониба оид ба Украина боздошта шудааст
Ёвари раҳбари Русия Юрий Ушаков инчунин хуруҷи нерӯҳои украиниро аз Донбасс ҷузъи муҳими тамоми нақшаи сулҳ номид.