ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Манъи содироти рубли нақд ба маблағи муодили беш аз 100 ҳаз. доллар аз Русия ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эътибор пайдо кард.
Барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ин маҳдудият новобаста аз маблағ татбиқ мешавад.
Содироти маблағ тавассути 17 фурудгоҳи Русия истисно дода мешавад, ба шарте ки ҳисоботи бонкӣ, ки гирифтани маблағро тасдиқ мекунад, пешниҳод карда шавад.
Манъи содироти пули нақд аз Русия ба кишварҳои ИИАО
© Sputnik / Вазорати молияи Русия
Инҳо Шереметево, Домодедово, Внуково, Храброво дар Калининград, Толмачево дар Новосибирск, Баландино дар Челябинск ва ғайра мебошанд.